Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон меравад


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии мубориза алайҳи терроризм, ки дар Теҳрон баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард. Ин нишаст бо ибтикори раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар таърихи 25-26-уми июн доир мегардад. Ба гуфтаи манобеи расмӣ, қарор аст раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ин нишаст, бо бархе аз раҳбарони ҳайатҳои ширкаткунанда низ мулоқоту гуфтугӯ анҷом диҳад. Интизор меравад меҳвари суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст, масоили муҳиме чун мубориза алайҳи даҳшатафканӣ ва роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони Афғонистон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG