Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Бразил


Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразил мусобиқаи байналмилалии «Judo Grand Slam» (“Тоскулоҳи бузурги дзюдо”) байни мардону занон бо ширкати 334 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ (миёни мардону занон) Ҷопон бо касби 8 медали тилло ва 2 нишони биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Бразил бо касби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҷойи дуввум ва Русия бо касби 1 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Ширинҷон Мамадсафоев, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: “Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ду паҳлавон дар сабқати мардон намояндагӣ карданд. Расул Боқиев дар рақобатҳо дар вазни то 73 кг дар даври аввал бар варзишгари бразилӣ пирӯз шуд, вале баъдан аз намояндаи Фаронса мағлуб гашт. Расул ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд ва имтиёзҳои олимпӣ ба даст овард. Парвиз Собиров бошад, дар вазни то 90 кг дар нахустин қувваозмоии худ аз варзишгари Русия шикаст хӯрд. Ҳарду паҳлавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии дзюдо, ки рӯзҳои 25-уму 26-уми июн дар шаҳри Сан-Паулуи Бразил баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард”.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар Рио-де-Жанейро:

Мардон
-60 кг
1. ЯМАМОТО Хирофуми (Ҷопон)
2. ВЕРДЕ Элио (Италия)
3. ХИРАОКА Хироаки (Ҷопон)
3. МИЛОУС Софиане (Фаронса)

-66 кг
1. МОГУШКОВ Муса (Русия)
2. УРИАРТЕ Сугой (Испания)
3. ЭБИНУМА Масаши (Ҷопон)
3. ЛАРОШ Давид (Фаронса)
-73 кг
1. НАКАЙЯ Рики (Ҷопон)
2. ПИНА Йоао (Португалия)
3. ДАНКУЛЕА Костел (Руминия)
3. КОДЗОКОВ Мурат (Русия)

-81 кг
1. ГУИЛХЕЙРО Леандро (Бразил)
2. НИФОНТОВ Иван (Русия)
3. МАГОМЕДОВ Сироҷиддин (Русия)
3. МАММАДЛӢ Элнур (Озарбойҷон)
-90 кг
1. ОНО Такаши (Ҷопон)
2. ГОНЗАЛЕЗ МОНТЕЙРО Эшли (Куба)
3. КАМИЛО Тиаго (Бразил)
3. ПЕССАНА Хуго (Бразил)

-100 кг
1. АНАИ Такамаса (Ҷопон)
2. САМОЙЛОВИЧ Сергей (Русия)
3. ФАБРЕ Тйерри (Фаронса)
3. ВАН ДЕР ГИСТ Элко (Белгия)

+100 кг
1. ШЛИТТЛЕР Йоао Габриел (Бразил)
2. ХЕРНАНДЕС Даниел (Бразил)
3. БОР Барна (Маҷористон)
3. ВОЙНАРОВИЧ Янус (Лаҳистон)

Занон
-48 кг
1. АСАМИ Харуна (Ҷопон)
2. МЕНЕЗЕС Сара (Бразил)
3. ЧЕРНОВИЦКИ Ева (Маҷористон)
3. ВАН СНИК Чарлин (Белгия)

-52 кг
1. МИРАНДА Эрика (Бразил)
2. ФОРЦИНИТИ Росалба (Италия)
3. БОННА Пенелопа (Фаронса)
3. ГОМЕЗ Лаура (Испания)

-57 кг
1. КАПРИОРИ Корина (Руминия)
2. СИЛВА Рафаела (Бразил)
3. ПАВИА Отом (Фаронса)
3. РИБО Моргана (Фаронса)

-63 кг
1. АБЕ Кана (Ҷопон)
2. ЭМАНЕ Геврисе (Фаронса)
3. ЭСПИНОСА Марисет (Куба)
3. ВИЛЛЕБОРҶЕ Элизабет (Ҳолланд)

-70 кг
1. КУНИХАРА Йорико (Ҷопон)
2. АЛВЕАР Юри (Колумбия)
3. ПОРТЕЛА Мария (Бразил)
3. ЗУПАНЧИЧ Келита (Канада)

-78 кг
1. АГУЙАР Майра (Бразил)
2. ХАРРИСОН Кайла (ИМА)
3. ЛУЭТТЕ Лусия (Фаронса)
3. ЧУМЕО Одри (Фаронса)

+78 кг
1. ТАЧИМОТО Мегуми (Ҷопон)
2. КОЧАТУРК Гулса (Туркия)
3. НУНЕС Рошел (Бразил)
3. ЗАМБОТТИ Ванесса (Мексика)
XS
SM
MD
LG