Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифои ИМА рӯзи якшанбе таъйид кард, ки мақомоти кишвараш бо Толибон вориди музокироти аввалия шудаанд.

Аммо гуфт ӯ, дар чанд моҳи оянда аз ин музокирот пешрафти чандонеро интизор надорад.

Пештар аз ин Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбе гуфт, музокирот бо Толибон оғоз шуда ва онро амрикоиҳо пеш мебаранд: “Дар ин сол музокироти сулҳ бо Толибон ва дигар ҳамватанҳои мо, бо онҳое, ки Қонуни Асосии Афғонистон, тараққии Афғонистон, озодии миллати Афғонистон, демокросии Афғонистон ва ифтихороти ба дастовардаи кишварро қабул кунанд, ин музокирот оғоз шуда ва иншооллоҳ дуруст пеш меравад ва ҳамчунин қувватҳои хориҷӣ ва бахусус Амрико ин музокираро худашон пеш мебаранд.”

Роберт Гейтс, ба телевизиони Си Эн Эн гуфт, музокирот бо ширкати чанд кишвари дигар дар марҳилаи бисёр ибтидоӣ қарор дорад ва таъкид кард: “Бисёр муҳим аст, то аввал мушаххас шавад, ки чӣ касе ба намояндагӣ аз Толибон сухан мегӯяд, қабл аз он, ки бо гурӯҳҳое тамос гирифта шавад, ки худро намояндаи Мулло Умар, раҳбари Толибон муаррифӣ мекунанд.”

Вазири дифои Амрико афзуд, ба андешаи шахсии ӯ, музокирот то зимистони имсол пешрафти чамшгире нахоҳад дошт. Толибон, ки баъди ҳамлаҳои терористии 11-уми сентябр ба Амрико дар соли 2001 дар амалиёти ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон сарнагун шуданд, то кунун ҳаргуна музокирот бо нерӯҳои хориҷӣ ва давлати Афғонистонро рад кардаанд.

Бо вуҷуди он, ки дипломатҳо ва мақомот доир ба музокироти аввалия сухан мегӯянд, аммо талошҳои онҳо, таваҷҷӯҳ ба роҳҳои ҳалли сиёсии ҷанг дар Афғонистонро намоёнтар мекунад. Ва ин талошҳо ҳам дар ҳолест, ки бар асоси ҷадвали замонии ҳозира, нерӯҳои хориҷӣ бояд Афғонистонро соли 2014 тарк кунанд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико моҳи декабри соли 2009 барои муқобила бо Толибон ба Афғонистон 30 ҳазор нерӯи изофӣ фиристода ва ваъда дод, ки аз моҳи июли ҳамин сол нерӯҳои Амрико ба тарки Афғонистон шурӯъ хоҳанд кард.

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, ки маъмурияташ охири моҳ ба поён мерасад, аз ихроҷи бошитоби нерӯҳо аз Афғонистон ҳушдор дода буд, вале гуфт, хунсо кардани Толибон дар такягоҳашон Қандаҳор ва вилояти Ҳилманд, ба Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико имкон медиҳад, доир ба хуруҷи бахше аз нерӯҳо тасмим бигирад. Аммо гуфт ӯ, бо вуҷуди коҳиши нерӯҳо дар Афғонистон, теъдоди қобили мулоҳизаи сарбозони амрикоӣ дар онҷо хоҳанд монд.

Амрико дар Афғонистон феълан 100 ҳазор сарбоз дорад ва бо гузашти як даҳсола аз ҷанг дар онҷо, мухолифати мардуми Иёлоти Муттаҳида ба он ҷанг бештар шудааст ва гузашта аз ин қатли Усома бин Лодин дар моҳи май дар Покистон, даъватҳо барои ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистонро бештар кардааст. Роберт Гейтс гуфт, медонад, ки амрикоиҳо аз ҷанг хаста шудаанд, вале ба гуфтаи ӯ, кишвараш бояд то чанд вақти дигар нақши калидиашро нигаҳ дорад.
XS
SM
MD
LG