Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмак ба Юнони дармонда ба таъхир афтод


Вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи пули воҳиди евро, қабули қарор кӯмаки молӣ ба Юнони дармонда дар мушкилоти молиро ба таъхир андохтанд. Баъди мулоқот дар Люксембург, онҳо гуфтанд, агар порлумони Юнон қонун дар бораи коҳиши хароҷоти давлатӣ ва хусусигардонии амволи давлатиро қабул кунад, 12 миллиард доллари кӯмак миёнаҳои моҳи июл ба он кишвар дода хоҳад шуд. Дирӯз Ҷорҷ Папандреу, нахуствазири Юнон дар порлумон ҳушдор дод, ки агар миллати кишвараш, ислоҳоти иқтисодӣ аз ҷумла боло бурдани молиёт, коҳиши имтиёзҳои давлатӣ ва барномаи хусусигардониро напазирад, Юнон ба паёмадҳои фалокатборе рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG