Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо дасти Юнони "фитодаро" мегирад


Вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи пули воҳиди евро дар як ҳамоише дар Люксембург, масъалаи кӯмаки молӣ ба Юнони дармонда дар мушкилоти молиро баррасӣ доранд. Масъалаи ихтисоси бахши дуввуми 110 миллиард евро ба Юнон дар ин нишаст баррасӣ мешавад ва қарор аст, имрӯз сари ихтисоси 12 миллиард еврои он ризоият ҳосил шавад. Айни замон Ҷорҷ Папандреу, нахуствазири Юнон, ҳушдор дод, ки агар миллати кишвараш, ислоҳоти иқтисодӣ аз ҷумла боло бурдани молиёт, коҳиши имтиёзҳои давлатӣ ва барномаи хусусигардониро напазирад, Юнон ба паёмадҳои фалокатборе рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG