Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико бо Толибон вориди музокира шудааст?


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, гуфт, вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳ бо кишварҳои дигар бо Толибон дар Афғонистон тамосҳои “муқаддамотӣ” доштаанд. Роберт Гейтс ба телевизиони Си Эн Эн гуфт, “ин тамосҳо дар марҳилаи бисёр ибтидоӣ” аст. Ӯ таъкид кард, бисёр муҳим аст, то пеш аз гуфтӯгу бо гурӯҳҳое, ки худро намояндаи Мулло Умар, раҳбари Толибон муаррифӣ мекунанд, ташхис шавад, “дар воқеъ кӣ намояндаи Толибон” аст. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дирӯз гуфт, Амрико ба хотири поён додан ба ҷанги тақрибан 10-сола дар Афғонистон бо Толибон музокира мекунад.
XS
SM
MD
LG