Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоиҳо бо даъвати "инқилоб" дар Испониё


Даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Испониё дирӯз дар саросари кишвар раҳпаймоӣ карда ва сиёсатмадорону бонкдорони кишварро гунаҳкори бӯҳрони иқтисодӣ дар кишварашон хонданд. Раҳпаймоиҳо дар тақрибан 60 шаҳри кишвар сурат гирифта ва дар шаҳри Мадрид, 40 ҳазор нафар ва дар Барселона 20 ҳазор нафар ба хиёбонҳо баромадаанд. Тазоҳургарон ба ислоҳоти демократӣ ва коршиканииву инқилоб даъват мекарданд. Испониё, ки дар миёни кишварҳои ҳавзаи пули воҳиди евро мизони зиёд ва бештар аз 21 дарсадии бекориро дорад, агарчӣ чаҳорумин иқтисоди бузурги ин ҳавза аст.
XS
SM
MD
LG