Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси КБСС аз Сурия боздид мекунад


Якоб Келленбергер

Якоб Келленбергер

Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх дар изҳороте гуфтааст, Якоб Келленбергер-раиси ин кумита барои боздиди дурӯза шоми имрӯз вориди Димишқ-пойтахти Сурия хоҳад шуд. Интизор меравад, ки вай дар ҷараёни ин боздид ба раҳбарони Сурия фишор орад, то онҳо дастрасӣ ба осебдидагони хушунатҳо дар Сурияро иҷоза диҳанд. Келленбергер бо Одил Сафар-нахуствазир, Воҳид Муаллим-вазири корҳои хориҷӣ ва паноҳҷӯёни Сурия мулоқот хоҳад кард. Рӯзи шанбе танкҳову зиреҳпӯшҳои Сурия ба деҳае дар марз бо Туркия даромаданд, ки дар он ҷо 10 000 нафар аз мардуми Сурия аз хушунатҳо паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG