Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс мегӯяд, тамосҳо бо Толибон хеле ибтидоӣ аст


Роберт Гейтс
Роберт Гейтс
Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико имрӯз гуфт, вазорати корҳои хориҷии Амрико як ҷо бо кишварҳои дигар дар Афғонистон бо Толибон музокироти муқаддамотӣ анҷом медиҳад. Вай дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, “ин тамосҳо дар марҳалаи кунунӣ хеле ибтидоӣ аст”. Ба гуфтаи Гейтс, ин масъала муҳим аст, ки аз ҷониби Толибон кӣ намояндагӣ хоҳад кард ва оё Муҳаммад Умарро намояндагӣ мекунад ё хайр, агар чунин музокира шурӯъ шавад. Субҳи имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки Амрико бо Толибон роҷеъ ба имкони қатъи ҷанги тӯлонӣ дар Афғонистон вориди тамос шудааст.
XS
SM
MD
LG