Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти Елена Боннер-ҳомии ҳуқуқи башар


Елена Боннер

Елена Боннер

Елена Боннер-норозии сиёсии давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар синни 88-солагӣ баъд аз бемории тӯлонӣ даргузашт. Дар ин бора Татяна Янкелевич-духтари Боннер хабар дод. Ба гуфтаи Татяна, хонум Боннер рӯзи ҷумъа дар хонаи худ дар шаҳри Бостон даргузаштааст, вале вай дар бораи сабабҳои даргузашт маълумот надодааст. Хонум Боннер мунаққиди ошкори Владимир Путин ва муборизи роҳи демократия дар Русия буд. Людмила Алексеева-раиси Кумитаи ҳуқуқи башари Ҳелсинкӣ дар Маскав дар бораи Боннер чунин мегӯяд:

“Вай зиндагии тӯлониву рӯшан ва пурмаҳсул дошт. Мо метавонем ҳавас кунем, ки чӣ қадр корҳоеро тавонистааст анҷом диҳад ва чӣ гуна хушбахт будааст”.

Хонум Боннер аз охири солҳои 1960-ӯм ба ин сӯ аз мунтақидони ошкори давраи Шӯравӣ ба шумор мерафт. Шавҳари вай Андрей Сахаров-барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел ва донишманди бахши физики ҳастаӣ буд. Шавҳараш низ аз норозиёни сисёсии даврони Шӯравӣ буд ва солҳоро дар ҳабси хонагӣ сипарӣ кард. Сахаров дар соли 1989 вафот кард. Татяна гуфтааст, модараш дар қабристони Вострияковои Маскав дар паҳлӯи Сахаров ба хок супурда мешавад. Хешовандони Боннер дархост кардаанд, ки ба сари қабри модараш гул наоранд, балки ба ҷои он ба Сандуқи хайрияи Сахаров кӯмак кунанд, зеро он яке аз созмонҳои аслии ҳифзи ҳуқуқи башар дар Русия ба шумор меравад. Моҳи декабри соли 2010 вақте, ки Чин ҷоизаи Сулҳи Нобел ба Лиу Сиаобо-фаъоли ҳуқуқи башари кишварашро бойкот кард, Елена Боннер ба бахши русии радиои Озодӣ чунин гуфт:

“Русия маро дар тааҷҷуб нагузошт, зеро Русия мунтазам корҳои аблаҳона мекунад. Маро Чин муттаассиф сохт, чунки гӯё ин кишвари рушдёбанда аст, вале аз сӯи дигар чунин кор. Оқибати хуб надорад, барои он ки рушди иқтисод бидуни тағироти сисёсӣ наметавонад мавҷуд бошад. Агар рақобати ду хати ба ҳам муқобил давом кунад, дар он сурат сиёсати кӯҳна пирӯз мешавад. Ин аст тарси ман”.

Хонум Боннер аз охири солҳои 1960-ӯм ба ин сӯ аз мунтақидони ошкори давраи Шӯравӣ ба шумор мерафт. Вай соли 1972 бо Андрей Сахаров издивоҷ кард. Соли 1975 Сахаров барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел эълон шуд ва ин ҷоизаро дар Осло ба ҷои шавҳараш ба Елена Боннер тақдим карда буданд, зеро барои Сахаров сафар ба кишварҳои хориҷӣ мамнӯъ эълон шуда буд.
XS
SM
MD
LG