Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таассуроти рӯзноманигор аз ҳаёти муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав


Ахиран Назар Худойбердиев, ҳамкори мо дар бахши туркмании Радиои Озодӣ тақрибан як моҳро дар Маскав сипарӣ кард ва дар он ҷо бо муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёси Марказӣ ҳамсӯҳбат шуд.

Вай мегӯяд, дар Маскав тақрибан ҳамаи муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи яксон доранд. Баъд аз бозгашт ба Прага дар як гуфтугӯ аз вай пурсидам, оё дар ҷараёни сафар ба вай муяссар шудааст, ки бо муҳоҷирони кории тоҷик низ мулоқот ва гуфтугӯ кунад:

“Ман дар ин авохир дар Маскав будам ва бо ҷавонони муҳоҷири тоҷик вохӯрдам. Онҳо аз ноҳияи Кофарниҳон буданд. Онҳо кор ҷустуҷӯ мекарданд ва мегуфтанд, ки кори доимӣ надоранд. Онҳо пайдо кардани кореро аз қабили сохтмони хона ва ё таъмири хона барои худ хушбахтӣ мешумориданд. Ба гуфтаи онҳо, дар чунин ҳолатҳо онҳо метавонанд дар сохтмонҳо кор кунанд ва шабҳо дар он ҷо бихобанд, то пулашон камтар сарф шавад. Онҳо ҳатто ба корҳои якрӯза ҳам мерафтаанд, вале мегӯянд, ки ҷои хоб надоранд ва ин мушкилии аслии онҳо ба шумор меравад”.

Суол: Ба ҳар ҳол шумораи чунин муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шояд дар Маскав кам аст ё шумо манзараи дигарро мушоҳида кардед?

Ҷавоб: “Онҳо худашон мегӯянд, ки чунин одамон хеле зиёданд. Ин аввал. Дуввум, он чӣ ба қирғизҳову узбакҳо иртибот дорад, онҳо низ аз тоҷикон камтар нестанд. Бекорӣ дар ватанашон онҳоро ба хориҷ рондааст ва маҷбур кардааст, ки дар кишвари бегона дар душвортарин шароит пули ночиз ба даст оранд ва онро ба хонаводаҳояшон бифиристанд. Масалан, ман аз сокинони ноҳияи Кофарниҳон пурсидам, ки онҳо дар моҳ чанд пул ба даст меоранд. Онҳо дар посух гуфтанд, ки ин мушкилтарин суол аст. Онҳо дастмузди муназзам надоранд. Агар дар сохтмони бузурге барояшон кор пайдо шавад, онҳо худро хушбахт мешуморанд, зеро онҳо шабу рӯз дар сохтмон хоҳанд буд ва кор хоҳанд кард. Онҳо мегӯянд, дар чунин сохтмонҳо онҳо метавонанд моҳе 1 500 то 2 000 доллар дастмузд бигиранд. Вале чунин кор хеле кам иттифоқ меафтад, фақат барои чанд моҳ. Пас аз он онҳо боз дучори мушкил мешаванд ва мумкин аст моҳе то 14-15 ҳазор рубли русӣ кор кунанд, ки танҳо барои хурду хӯроки худашон ва ҷои хоб сафр мешавад. Онҳо мегӯянд, ки дар душвортарин шароит, дар буткаҳо ба сар мебаранд ва барои ҳамон ҳам шабе аз онҳо 300 рубл пул мегиранд”.

Суол: Муҳоҷирони корӣ табақае ҳастанд, ки корфармоён онҳоро ба зудӣ ва ба осонӣ метавонанд фиреб кунанд. Дар баъзе ҳолатҳо нисфи пули онҳоро медиҳанд ё бо онҳо қарордоди корӣ имзо намекунанд ва ин дар поёни кор ба онҳо мушкилӣ пеш меорад. Вазъро дар ин замина шумо чӣ тарз арзёбӣ мекунед?

Ҷавоб: Онҳо мегӯянд, ки вақтҳои ахир гирифтани иҷозаи корӣ то андозае осон шудааст. Бо вуҷуди ин ҷои кори доимӣ нест. Онҳо ҳатто бо иҷозаи корӣ худашон ҷои кор ҷустуҷӯ мекунанд. Баъзе кордеҳон онҳоро фиреб медиҳанд. Дар поёни кор музди кори онҳоро намедиҳанд ва онҳоро меронанд. Онҳо мегӯянд, ки дар таҷрубаи муҳоҷираташон чунин намунаҳо низ ҷой доштааст. Хеле кам, вале будааст. Вале медонед, худи муҳоҷирон муттаассифона баъзе намунаҳои дигарро ба ман ҳикоят карданд. Намунаи хуб нест, вале бояд бигӯем. Ин ба кордеҳони бевиҷдони Русия тааллуқ надорад, балки тоҷикон тоҷикони худашонро ғорат мекунанд. Масалан, гурӯҳи наве аз Тоҷикистон меояд. Ба истилоҳ “кордидаҳо”, ки доираи “ошно”-ҳои худро доранд, нақши миёнравро бар ӯҳда мегиранд. Онҳо бидуни ин, ки коре кунанд, аз даромади умумии муҳоҷирони корӣ 20 дарсадро мегиранд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, агар чунин миёнрав як нафар бошад, хуб аст. Аксар вақт чунин миёмнравҳо ду-се нафар ҳастанд ва даромадро 20 дарсадӣ тақсим мекунанд. Яъне 60 дарсад ба онҳо меравад ва танҳо 40 дарсадро ба муҳоҷирон медиҳанд. Тоҷикони худашон онҳоро ғорат мекунанд”.
XS
SM
MD
LG