Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи порламонии Миср ба таъхир меафтад


Ессам Шараф-нахуствазири Миср

Ессам Шараф-нахуствазири Миср

Хабаргузориҳо аз қавли нахуствазири Миср иттилоъ додаанд, ки дар ин кишвар интихоботи порламонӣ мумкин аст ба таъвиқ афтад. Баъд аз сарнагунии режими Ҳуснӣ Муборак ба дунболи тазоҳуроти эътирозӣ дар моҳи феврал ин интихобот омили аслии суботи вазъ дар Миср арзёбӣ мешавад. Намояндагоне, ки барои порламони оянда интихоб мешаванд, бояд Қонуни Асосии нави Мисрро таҳия кунанд. Сомонаи Masrawy.com аз қавли Ессам Шараф-нахуствазир навиштааст, таъхир дар баргузории интихобот барои рушди Миср вақт медиҳад. Изҳороти нахуствазир баъд аз он садо додааст, ки баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ гуфтаанд, баргузории интихоботи қабл аз моҳи сентябр ба Ихвонулмуслимин имкон медиҳад, ки бо истифода аз беадолатӣ бартарӣ ба даст орад. Ҳоло Ихвонулмуслимин дар Миср яке аз созмонҳои хуб созмондодашуда ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG