Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки молӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон


Барномаи сартосарии кишоварзӣ ва амнияти ғизоӣ тасмим гирифтааст, ки ба Тоҷикистон 27,9 миллион доллар ихтисос диҳад. Дар ин бора вазорати молияи Тоҷикистон ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст. Кумитаи ҳамоҳангсози барномаи сартосарӣ ёдоварӣ кардааст, ки дар иқтисоди Тоҷикистон ислоҳот идома дорад. Вазорати молия гуфтааст, ин маблағ барои беҳбуди вазъи шабакаҳои обёрӣ, боло бурдани ҳосили зироат ва идораи умури обёрӣ ба масраф мерасад.
XS
SM
MD
LG