Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба корвони мошинҳои Олмон дар Қундуз


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҳангоме, ки корвони мошинҳои нируҳои Олмон сарбозонро интиқол медоданд, ба онҳо ҳамла сурат гирифтааст ва ду шаҳрванд кушта шудаанд. Муҳбобулло Саидӣ-сухангӯи вилояти Қундуз гуфтааст, ин ду нафар ҳангоми инфиҷор дар наздикии мошин истода будаанд. Инфиҷор дар берун аз шаҳри Қундуз рух додааст. Сабабҳои ин инфиҷор маълум нашудааст ва ҳамчунин гуфта намешавад, ки аз сарбозони олмонӣ касе кушта ё ҷароҳат бардоштааст ё хайр.
XS
SM
MD
LG