Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Либия мегӯяд, НАТО маҳали зистро ҳадаф қарор додааст


Ҳукумати Либия дар Троблус-пойтахти кишвар рӯзноманигоронро ба маҳале дар ин шаҳр раҳнамоӣ кардааст, ки гӯё ҳавопаймоҳои НАТО он ҷоро бомбборон карда бошанд. Рӯзноманигоронро ҳамчунин ба шифохонае бурдаанд ва дар он ҷо 4 ҷасадро нишон додаанд ва гуфтаанд, ки дар ин бомбборонҳо кушта шудаанд. Дар миёни ҷасадҳо ду кӯдак низ будааст. Қаблан НАТО эътироф карда буд, ки ҳавопаймоҳои онҳо рӯзи панҷшанбе иштибоҳан қатори мошинҳои шӯришиёнро дар Брега ҳадаф қарор додаанд. Дар изҳорот омадааст, нируҳои эътилоф аз ҳар гуна талафот изҳори таассуф мекунанд.
XS
SM
MD
LG