Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай мегӯяд, Амрико бо Толибон дар тамос аст


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, Амрико бо ҷунбиши Толибон дар бораи имкони қатъи ҷанги тӯлонии ин кишвар музокира мекунад. Аммо хонум Кейтлин Ҳейден-сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Маҷлиси Намояндагон дар Вошингтон тамос ё музокира бо Толибонро таъйид накард, вале гуфт, ки Амрико аз мусолиҳа дар Афғонистон ҳимоят мекунад. Изҳороти Карзай дар ҳоле садо дод, ки рӯзи шанбе дар Кобул дар назди бинои полис се инфиҷори интиҳорӣ рух дод ва дар он дастикам 8 нафар, аз ҷумла 3 корманди полис ва 5 шаҳрванди ғайринизомӣ кушта шуданд.

.
XS
SM
MD
LG