Пайвандҳои дастрасӣ

Отунбоева ба донистани ҳатмии забони давлатӣ таъкид кард


Роза Отунбоева дар Қурултой

Роза Отунбоева дар Қурултой

Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт, фарзандони ҳамаи миллатҳои сокини ин кишвар бояд забони қирғизиро донанд. Вай рӯзи шанбе дар ҳамоиш ё қурултои 7-ӯми ғайринавбатии мардуми Қирғизистон дар Бишкек гуфт, “фарзандони ҳамаи миллатҳо баъд аз хатми синфҳои ибтидоии мактаб бояд ба забони қирғизӣ сӯҳбат кунанд. Бояд донанд, на танҳо имтиҳон супоранд ва баҳо гиранд. Барои ин кор усули самарбахши таълим зарур аст, ки мо надорем, вале дар саросари ҷаҳон ҳаст”. Отунбоева афзуд, тамоми таҳсили ибтидоӣ бояд ба забони давлатӣ, яъне қирғизӣ сурат бигирад. Ба гуфтаи вай, донистани забони давлатӣ имкон медиҳад, ки ҳар кас барои ширкат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ талош кунад.
XS
SM
MD
LG