Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба шӯъбаи полиси Кобул 9 кушта бар ҷой гузошт


Вазорати корҳои дохилаи Афғонистон гуфт, се маргталаб бо инфиҷори камарбандҳои худ дар назди бинои полиси Кобул рӯзи шанбе дастикам 9 нафарро ба қатл расондаанд. Вазорат гуфтааст, се корманди полис, як корманди махфии кашф ва 5 шаҳрванди ғайринизомӣ кушта шудаанд. Баъд аз ин инфиҷорҳо тирандозӣ тақрибан як соат давом кардааст. Полис мегӯяд, афроди ҳамлабурда дар тан либосҳои низомии артиши Афғонистонро доштаанд. Дар давоми як моҳи гузашта ин дуввумин ҳамлаи бузург дар пойтахти Афғонистон будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG