Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия шаҳрвандонашро ба хуруҷ аз Сурия даъват кард


Британия аз шаҳрвандони худ хостааст, ки ба сабаби идомаи нооромиҳо дар Сурия ин кишвари Ховари Миёнаро тарк кунанд. Рӯзи шанбе вазорати корҳои хориҷии Британия гуфт, ҳоло, ки парвозҳои тиҷоратӣ ба Сурия идома дорад, шаҳрвандонаш бояд аз ин кишвар хориҷ шаванд. Вазорат ҳушдор додааст, ки дар сурати ташиди баъдии вазъ мумкин аст сафоратхонаи Британия дар Димишқ онҳоро натавонад аз Сурия берун барад. Тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия дар авосити моҳи март шуруъ шуда буд ва ҳоло ташдид ёфтааст.
XS
SM
MD
LG