Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай оғози музокира бо Толибонро расман таъйид кард


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, Амрико бо Толибон дар бораи имкони қатъи ҷанги чанд даҳсола дар Афғонистон вориди тамос шудааст. Қаблан дипломатҳо низ гуфта буданд, ки гуфтугӯҳои Амрико бо ҷониби Толибон аз чанд моҳ ба ин сӯ идома дорад. Аммо изҳороти имрӯзи Ҳомид Карзай дар нишасти хабарие дар Кобул нахустин таъйиди расмии ин музокирот аст:

“Музокироти сулҳ бо Толибон ва дигар ҳамватанони мо, ононе, ки Қонуни Асосии Афғонистон, тарақии Афғонистон, озодии миллати Афғонистон, дастовардҳо ва ифтихороти ба дастовардаи кишварро қабул кунанд, бо онҳо ин музокира оғоз шуда ва дуруст пеш меравад ва ҳамчунин қувваҳои хориҷӣ, ба хусус Амрико, ин музокираро худашон пеш мебаранд”.

Оқои Карзай изҳор дошт, ки ҳукумат ва ҷониби шӯришиён ҳанӯз ба марҳалаи зарурии музокирот нарасидаанд, вале намояндагони ҷонибҳо бо якдигар дар тамос мебошанд.
XS
SM
MD
LG