Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо Урунбой Усмонов мулоқот сурат гирифт


Урунбой Усмонов
Урунбой Усмонов
Мақомоти амниятии Тоҷикистон ба рӯзноманигори вилояти Суғд иҷозаи мулоқот бо Урунбой Усмонов-хабарнигори боздоштшудаи Би Би Си дар Хуҷандро додаанд. Рӯзи панҷшанбе ба Файзинисо Воҳидова-вакили мудофеи хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ иҷозаи мулоқот бо зерҳимояаш дода нашуда буд. Илҳоми Ҷамолиён-раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар як гуфтугӯ ба радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз 18-уми июн ӯ бо муфаттиши оқои Усмонов ва ба дунболи он, бо худи хабарнигори боздоштшуда мулоқот анҷом додааст. Ба гуфтаи Илҳоми Ҷамолиён, дар ҷараёни мулоқот Урунбой Усмонов таъйид кардааст, ки дар ҳақиқат аз ҳақи ҳимоя аз ҷониби адвокат ба таври хаттӣ даст кашидааст. Ба гуфтаи ҷаноби Ҷамолиён, вай маъюс менамуд, вале дар ӯ осори лату кӯб дида намешуд ва аз муносибати маъмурони интизомӣ низ шикояте надоштааст. Ин дар ҳолест, ки наздикони ҷаноби Усмонов аз латукӯби ӯ тавассути маъмурони интизомӣ хабар дода буданд.
XS
SM
MD
LG