Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ таҳримҳои Толибону ал-Қоидаро ҷудо кард


Шӯрои Амнияти СММ ба ҷонибдорӣ аз тасвиби санаде рай дод, ки акнун тибқи он ба ҷунбиши Толибон ва ба ал-Қоида бархурди алоҳида сурат мегирад. То ҳол ҳар таҳрими СММ ҳамзамон ҳам ба Толибон ва ҳам ба ал-Қоида иртибот дошт. Ҳоло тибқи тасмими нав феҳристи сиёҳи Толибон ва феҳристи сиёҳи ал-Қоида ҷудо хоҳад буд ва дар он номи шахсиятҳои ин ду созмон, ки аз сафар ба кишварҳои хориҷӣ маҳруманд ва истифода аз дороиҳояшон мамнӯъ эълон шудааст, алоҳида меояд. Сусан Райс-намояндаи Амрико дар СММ дар Шӯрои Амният ин тасмимро иқдоми муҳим хонд ва гуфт, он барои ҳимоят аз талошҳои сулҳҷӯёнаи ҳукумати Афғонистон кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG