Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи амният Урунбой Усмоновро муттаҳам эълон кард


Урунбой Усмонов
Урунбой Усмонов
Мақомоти амниятии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори ВВС бар асоси далоили мӯътамад боздошт шудааст. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни расидагии пешакӣ ва ҳамчунин нишондодҳои шоҳидон, ҳама далоили собикунандаи узвияти оқои Усмонов дар «Ҳизб- ут-таҳрир» собит шудааст:

“Муайян шудааст, ки хабарнигори ВВС муддати тӯлонӣ бо аъзои ин ҳизб дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон робита дошт ва дар омодаву пахш кардани маводи таблиғотии «Ҳизб-ут-таҳрир», ки ғасби ҳокимият аз роҳи зӯрӣ ва тағйири низоми конститутсионии Тоҷикистонро ташвиқ мекунанд, фаъолона иштирок мекард”.

Ба гуфтаи Нозирҷон Бӯриев расидагӣ ба парввандаи Усмонов идома дорад.
XS
SM
MD
LG