Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи оилаи хабарнигори Би-Би-Сӣ ба раиси ҷумҳур


Рӯзи шанбе зану фарзандони Урунбой Усмонов-хабарнигори боздоштшудаи бахши Осиёи Марказии радиои Би-Би-Сӣ ба нишонии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон номае ирсрол ва аз вай хостаанд, ки дар раҳоии падарашон аз боздошт кӯмак кунад. Онҳо гуфтаанд, падарашон ҳеҷ гоҳ бо ҷараён ё равияҳои тундрави мазҳабӣ ҳамроҳ набудааст. Онҳо дар номаи худ навиштаанд: ”Мо ҳанӯз намедонем, ки чаро ӯро боздошт кардаанд. Мо ҳанӯз нафаҳмидаем, ки чаро хонаи моро бозҷӯӣ карданд. Мо ҳанӯз хабар надорем, ки чаро ба мо ва вакили мудофеъ иҷоза намедиҳанд, ки падарро бибинем. Мо ба кӯмаки шумо барои озодсозии падарамон чашми умед дӯхтаем”. Дар нома пайвандони Урунбой Усмонов навиштаанд, ки падарашон меҳани худ Тоҷикистонро бисёр дӯст медорад ва аслан қавмгаро, миллигаро ё мутаъассиби мазҳабию динӣ нест. Дар зери нома 6 нафар пайвандони Усмонов имзо гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG