Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ислоҳоти қонуни асосии Марокаш


Morocco -- Front view of the Royal Palace as King Mohammed VI of Morocco presides an allegiance ceremony in Fez on 31Jul2008.
Morocco -- Front view of the Royal Palace as King Mohammed VI of Morocco presides an allegiance ceremony in Fez on 31Jul2008.
Муҳаммади VI -шоҳи Марокаш як силсила ислоҳот дар Қонуни Асосии ин кишвари шоҳигарӣ пешниҳод кардааст. Зимни суханронии худ, ки шоми рӯзи ҷумъа садо дод, шоҳ Муҳаммади VI гуфт, ин ислоҳот посух ба хостҳои аҳолии Марокаш аст, ки ҷонибдори демократияи бештар ва низоми қаввитари порламонӣ мебошанд. Аммо шоҳ ҳамчунон фармондеҳи кулли артиш ва раҳбари шӯрои таъйинкунандаи сиёсати амниятии кишвар боқӣ хоҳад монд. Бад-ин тариқ вай бештари салоҳиятҳои худро ҳифз хоҳад кард. Аммо фаъолони ҷонибдори демократия мавсум ба “Ҷунбиши 20-ӯми феврал” аз ин ислоҳот интиқод карданд ва онро навъи “таъмири косметкӣ” арзёбӣ карданд.
XS
SM
MD
LG