Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон амалиёти поккории ниругоҳи Фукушиморо боздошт


Ниругоҳи Фукушимо
Ниругоҳи Фукушимо
Ҷопон гуфтааст, дар ниругоҳи ҳастаии Фукушимо, ки аз зилзилаи шадид ва сунамӣ осеб дида буд, амалиёти поккории об аз ташаъшуъ ё радиоактивро танҳо баъд аз чанд соати оғози ин амалиёт боздоштааст. Сухангӯи Ширкати нируи барқи Токио гуфтааст, мизони ташаъшуъ нисбат ба он чӣ интизор мерафт, зудтар боло рафтааст. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ мақомоти Ҷопон гуфтанд, ки ҳавзҳои оби олуда ба радиоактиф бештар шудааст ва агар аз афзоиши он дар давоми як ҳафта пешигрӣ нашавад, имкони олуда шудани оби баҳр бо радиоактиф вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG