Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон розист бо ҳамсоягонаш роҷеъ ба об музокира кунад


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Бино ба хабари матбуоти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури ин кишвар дар мулоқот бо Леоннел Люк-раҳбари гурӯҳи “Геополитикаи об”-и Маҷмаи миллии Фаронса дар шаҳри Душанбе изҳор доштааст, ки Тоҷикистон омода аст роҷеъ ба масоили обу энержӣ бо ҳамсоягони худ гуфтугӯ кунад. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои оби минтақаро баррасӣ кардаанд. Оқои Раҳмон изҳор доштааст, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ тарҳҳоеро, ки бар зарари ҳамсоягонаш аст, амалӣ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG