Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигоре, ки аз ҷануби Қирғизистон дидан кард, мегӯяд, ҳеҷ баҳонае барои хушбинӣ дар ин минтақа мавҷуд нест.

Бо гузашти як сол аз низоъи қавмӣ дар Ӯшу Ҷалолободи Қирғизистон, ки 470 нафарро кушта ва ҳазорҳо тани дигарро бехонумон кардааст, ба назар мерасад, мардум то рафт аз вазъи сиёсиву иҷтимоии худ дилсард мешавад.

Чунин аст бардошти хабарнигори радиои Озодӣ, ки барои мулоқот ва сӯҳбатҳо бо сокинони одии
Мардуми Ӯш аз ҳукумати шаҳр хеле норозиянд. Боздошту фишори зиёд, ки ҳанӯз идома доранд, мардумро хаста ва то ҷое ба ҷон расондаанд...

ҷануби Қирғизистон 8 рӯзро ин ҷо ба сар бурд. Дейзӣ Синделар, хабарнигори радиои Озодӣ мегӯяд, ки бештари вақт дар Ӯш буд ва дид, ки яъсу ноумедӣ ва мушкилоти ҳалношудаи иҷтимоӣ, мисли бекорӣ, беэътимодӣ, номуайянӣ ба рӯҳияи мардум таъсири амиқ гузошта, заминаҳои низоъи навро дар оянда фароҳам меорад.

Ҳамкори мо махсус бо ҳадафи сӯҳбат бо одамони одӣ, сокиноне, ки даргириҳои қавмиро пушти сар кардаанд, ба минтақа сафар кард. Дар як мусоҳиба аз хонум Синделар хоҳиш кардам, мухтасар таассуроти худро аз муҳити сиёсиву иҷтимоии ҷануби Қирғизистон хулоса кунад:

Дейзӣ Синделар: “Ман бори аввал он ҷо моҳи октябри соли гузашта рафта будам. Аз ин хотир, ин гӯё як сафари муқоисавӣ буд, ки баъзе паҳлуҳои мусбат ва пешрафтаи зиндагии мардум

ва баръакс, мушкилот ва камбудиҳои онҳоро ба намоиш гузошт. Он чи ки ба назари ман, чун нишонаи хуб ва беҳбуди зиндагӣ намуд, ин буд, ки мардум дунболи барқарор кардани хонаҳо ва бунёди манзил ҳастанд. Моҳи октябр мардум бештар дар фикри зудтар барқарор кардани хонаҳои худ буданд, чун дар фикри зимистонгузаронӣ буданд. Манзури ман, бештар ӯзбактаборҳои маҳаллӣ аст. Қирғизҳоеро, ки вохӯрдам, дучори мушкилоти ҳамсон буданд. Вақте ман бо ҳамон хонаводаҳое, ки дафъаи аввал шинос шуда будам, дубора мулоқот кардам, дидам, ки ду-се утоқи хонаҳои худро барқарор карда тавонистанд. Нишонаи дигари пешрафти вазъ дар фаъолияти дубораи бозорҳо ва ба тиҷорат баргаштани ӯзбактаборҳо буд. Он чи ки аз назари ман нишонаҳои бадшавӣ дорад, ин рӯҳияи мардум аст, ки назар ба моҳи октябр бисёриҳоро хеле афсурда ва ноумед кардааст. Чаҳор моҳ баъди низоъ мардум таҳаммулпазир буданд, аммо як сол баъди фоҷеа, тоқати мардум тоқ мешавад. Марди узбаке, ки дар низои соли гузашта захмӣ шуда буд, гуфт, ки ҳеҷ кӯмаке аз ҳукумат дарёфт накард ва ҳоло наметавонад сиҳатии худро барқарор кунад, чунки имконияти молӣ надорад. Вазъи ӯзбактаборҳои маҳаллӣ бадтар назар ба қирғизҳо аст, ба назари ман. Мардуми Ӯш аз ҳукумати шаҳр хеле норозиянд. Боздошту фишори зиёд, ки ҳанӯз идома доранд, мардумро хаста ва то ҷое ба ҷон расондаанд. Ҳар марде, ки дар маҳаллаҳо ба сар мебарад, қиссаи худро дар бораи боздошту таъқибу фишори бесабаб нақл мекунад.

Озодӣ: Яъне ба фикри шумо, ноумедии мардум аз ҳукумати Роза Отунбоева метавонад пайомадҳои хатарноки сиёсӣ дар пай дошта бошад?

Дейзӣ Синделар: “Ба фикри ман, вазъ аз ин бадтар мешавад. Бо фарорасии интихоботи президентӣ масоили миллӣ аҳамият пайдо мекунад. Ба назари ман, ҳар касе, ки мехоҳад интихоботро барад, бояд ки дили мардум, ба вижа ӯзбактаборҳоро дар ҷануб ба даст оварад. “

Озодӣ: Эҳсоси шумо чӣ гуна буд: оё воқеан ҳам нирӯҳое берунае ҳастанд, ки ба вазъи сиёсии ҷануби Қирғизистон таъсиргузоранд?

Дейзӣ Синделар: “Вақте бо ӯзбаку қирғизҳои маҳаллӣ сӯҳбат мекардам, медидам, ки ҳанӯз ҳам бисёриҳо дар як ҳолати шок қарор доранд.

Ҳамаи онҳо мегуфтанд, ки ҷангҳои рухдода кори дасти беруна аст. Дар нақлҳои худ онҳо дар бораи ҳузури одамони бегона нақл мекарданд, ки аз ин пеш дар ин минтақа ҳузур надоштанд. Дар ҳоле, ки ба бовари қирғизҳо, ҷанҷолҳоро ӯзбактаборҳои Тоҷикистон ё худи Ӯзбакистон ташкил карда метавонистанд, ӯзбактаборҳои маҳаллӣ мегуфтанд, ки ин кори дасти гурӯҳҳои ҷиноии Қирғизистон буда метавонад.”

Озодӣ: Хулоса, як вазъи беэътимодии комил дар минтақа ҳукмфармост, дуруст аст?

Дейзӣ Синделар: “Як зани қирғизе, ки дар минтақаи ӯзбакнишини Черемушки зиндагӣ мекунаду дар ҷангҳои гузашта хонаи ӯ хароб шудааст ва сарнавишти ҳамсонеро як ҳамсояи ӯзбаки девор ба девораш аз сар гузарондааст, ба ман гуфт, “ман ҳамсоямро дӯст медорам, вале ба ӯзбакҳо эътимод надорам”. Вай мисли бисёр дигар қирғизҳо мегӯяд, ки ӯзбактаборҳо дар

хонаҳояшон силоҳи пинҳонӣ доранд ва шояд дар Афғонистон тамрин дидаанд, мутаассифона, ин андешаро дар зеҳни онҳо намояндагони ҳукумат ҳам ҷо кардаанд. Мутаассифона, ҳарду ҷониб ҳам бовар доранд, ки дар ҳар мавқеи муносиб, тарафи муқобил омода аст дубора ба ҷанг бихезад. Вале айни замон, дар ҳарду ҷониб одамони оддӣ пеш аз ҳама дар фикри ҳалли мушкилоти иҷтимоии худ ҳастанд. Чунки ҳамоно бисёриҳо аз набуди кор азият шуда, дар фикри пайдо кардани пул барои кӯдаконашон ҳастанд. Ӯзбактаборҳо бошанд, мегӯянд, ин ҷо падар ва бобои ман зиндагӣ кардаанд, ман ҷои дигаре барои рафтан надорам.

Озодӣ: Яъне худи Шумо ҳам аз ин сафар афсурдаву ноумед баргаштед?”

Дейзӣ Синделар: “Ман ҳеҷ баҳонае барои умеди хуби зиндагӣ барои ӯзбактаборҳои маҳаллӣ надидам. Ҳарчанд барои қирғизҳо ҳам вазъият ҳамин гуна аст, вале онҳоро аз лиҳози сиёсӣ ҳукумат пуштибонӣ мекунад. “

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG