Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон: раиси ҳизб дар авбошӣ айбдор шуд


Неъмат Паноҳлӣ
Неъмат Паноҳлӣ
Додгоҳи шаҳри Боку раиси ҳизби мухолифи ҳокимияти миллии Озарбойҷон Неъмат Паноҳлиро ба 6 соли маҳбас маҳкум кард. Ӯ дар авбошӣ ва расонидани осеби ҷисмонӣ муттаҳам шудааст.

Айбдоршавандаи дуввум Ҷайҳун Файзуллоев барои 4 чол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ба иттилоъи мақомоти тафтишотӣ, Паноҳлӣ ва Файзуллоев шахсеро латукӯб карданд, ки мошини қаблан аз Паноҳлӣ харидаро баргардонд ва хостори бозгардони маблағи худ шуд.

Паноҳлӣ иттиҳомро рад карда изҳор намуд, ки ӯ барои фаъолияти сиёсияш таъқиб мешавад.
XS
SM
MD
LG