Пайвандҳои дастрасӣ

Қарор шудааст, ки Бонки АвруОсиёии Рушд ба Тоҷикистон 200 миллион доллар кӯмаки молӣ кунад.

Ин кӯмаки молӣ барои иҷрои Барномаҳои сармоягузории Тоҷикистон ба хусус сохтмони нерӯгоҳҳои обии миёнатавон масраф хоҳад шуд.

САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ТАРҲҲОИ ЭНЕРЖӢ

Ба гуфтаи ин бонк, дар сохтмони ин нерӯгоҳҳо ҳеҷ кишвари минтақа мухолифат надорад ва иҷрои ин барномаҳо воқеъӣ ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки дар раъси ин Бонк, ки соли 2006 ташкил шуда буд, Русия ва Қазоқистон қарор доранд ва ҳадс зада мешавад, ки ин иқдом навъе талоши ҷилавгирӣ аз ҳузури кишварҳои Ғарб дар иҷрои барномаҳои энержии Тоҷикистон аст.

Кӯмаки 200 миллион долларии Бонки АвруОсиёии Рушд барои иҷрои барномаҳои энержии Тоҷикистон маврид истиқболи мақомоти ин кишвар шудааст. Амонҷон Эшонқулов, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар гуфтугӯ бо РО гуфт: «Дар ин бора қарори ҳукумат низ ҳаст, ки он дар бораи ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар сохтмони силсиланерӯгоҳҳои кӯчаки обӣ то соли 2020 дар бар мегирад. Вале дар ин барнома сохтмони нерӯгоҳҳои миёнатавон аз қабили Нуробод -1 ва Нуробод-2 инъикос наёфтааст.»

ДАВЛАТ НЕРӮГОҲҲОИ МИЁНАТАВОН МЕСОЗАД


Ба гуфтаи ҷаноби Эшонқулов, тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳои миёнатавон дар феҳристи барномаҳои инвеститсионии давлат қарор дорад, ки ҳар кишвар ва ё созмони байналмилалии сармоягузор метавонад, дар иҷрои онҳо саҳм бигирад.

Владимир Ясинский, мудири корҳои таҳқиқотии Бонки АвруОсиёии Рушд гуфтааст, ки 200 миллион доллари тахсисёфта дар иҷрои Барномаҳои сармоягузории Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳҳои миёнатавон масраф хоҳад шуд, ки дар иҷрои ин барномаҳо кишварҳои ҳамсоя мухолифат намекунад.

РАҚОБАТ БАР САРИ ТАРҲҲОИ ЭНЕРЖИИ ТОҶИКИСТОН

Ин дар ҳолест, ки як соле қабл замони сафари Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон изҳор карда буд, ки кишвараш дар сохтмони нерӯгоҳи Нуробод-1 саҳм хоҳад гирифт. Аммо Русия пас аз ин дар ин бора иқдоме накард ва ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон аз Эрон даъват ба амал овард, то ин нерӯгоҳро бисозад. Эрон ин пешниҳодро пазируфт, вале ба гуфтаи мақомоти Теҳрон ин кишвар ба сохтмони ин нерӯгоҳ танҳо пас аз мавриди баҳрабардорӣ карор гирфтани нерӯгоҳи Сангтӯда- 2 дар ҷануби Тоҷикистон иқдом хоҳад кард.

Ба қавли бархе аз коршиносон, Русия ба мақсади ҳифзи ҷои пои худ дар бозори энержии Тоҷикистон ва минтақа, ки бештар ба захираҳои оби Тоҷикистон бастагӣ дорад, иҷрои тарҳи сохтмони яке аз ин нерӯгоҳҳои Нурободро бар ӯҳда гирад.

ҶИЛАВГИРӢ АЗ ҲУЗУРИ ҒАРБ?

Дар ҳоле, ки Банки АвруОсиёии Рушд дар соли 2006 аз сӯи Русия ва Қазоқистон таъсис ёфта буд ва ба қавли таҳлилгарон ҳарфи аввал дар тақсими сармояҳои ин бонкро Русия мезанад. Ба ин далел, ба гуфтаи ҳамин коршиносон рӯ овардани Русия тавассути ин бонк ба барномаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, як навъ ҷилавгирӣ аз ҳузури бонку созмонҳои сармоягузори Ғарб дар Барномаҳои энержии Тоҷикистон аст. Дар ҳоле, ки се рӯзи пеш Бонки сармоягузории Аврупо ба Тоҷикистон барои иҷрои барномаҳои энержӣ, ба хусус кам кардани талафоти фаннии барқ дар шабакаҳо 21 миллион евро ихтисос дод, ки аз он 7 миллион еврояш грант ё кӯмаки билоиваз аст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик то ҷое ба ин иддаоҳо мувофиқ аст, аммо мегӯяд, ки қарзи 200 миллион доларии Бонки АвруОсиёии Рушд бештар хусусияти ҳамгироӣ дар миёни кишварҳои узвро дорад, бо он ки ангезаи сиёсӣ. Зеро Тоҷикистон низ узви ҳамин бонк аст ва то ҷое дар ин бонк саҳм дорад.

Вай афзуд: «Масалан ниҳодҳои сармоягузори ғарбӣ ҳудуди 20 -21 миллион медиҳанд, қобили мулоҳиза нест. Агар ин қарзҳо 100 миллион евро бошад дар он сурат метавон гуфт, ки дар ин сармоягузориҳо миёни Ғарбу Русия рақобате вуҷуд дорад. Ман бар онам, ки сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон дар мавриди сармоягузории бахши энержӣ муассир аст ва Тоҷикистон бояд ин сиёсатро идома диҳад. Зеро мо бо тавони худ нерӯгоҳҳои ҳатто кӯчаку миёнатавонро сохта наметавонем.»

УЗБАКИСТОН МУХОЛИФАТ НАМЕКУНАД?

Ҷаноби Умаров иддаои мақомоти Бонки АвруОсиёии Рушд, ки гӯё Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳҳои миёнатавон дар Тоҷикистон мухолифат намекунадро беасос хонд. Ба қавли вай, нерӯгоҳи Ёвон дар рӯдхонаи Зарафшон ҳатто тавони миёна надорад, вале Узбакистон мухолифи сохтмони ин нерӯгоҳ аст ва ба ин далел Чин аз иҷрои ин тарҳ даст кашид.

Бо ин ҳама, бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки агар Бонки АвруОсиёии Рушд, битавонад яке аз нерӯгоҳҳои миёнатавон дар Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад, дар он сурат метавон гуфт, ки мухолифати Узбакистон дар иҷрои тарҳҳои энержӣ дар Тоҷикистон аз байн хоҳад рафт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG