Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди нерӯҳои Сурия ба ду шаҳри гирифтори ошӯбҳо


Нерӯҳои ҳукуматии Сурия тавассути зиреҳпӯшҳо ба ду шаҳри гирифтори ошӯбҳо ворид шуданд.

Телевизиони давлатӣ наворҳои ҳузури низомиён дар хиёбонҳои шаҳри Маъарат-ан-Нӯъмони вилояти Идлиб ва шаҳри ҳамсояи Хон Шайхунро намоиш дод. Дар бораи задухӯрдҳо ва осебдидагон иттилоъе зери даст нест.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, баъд аз намози ҷумъа намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад дар шаҳрҳои Баниёс, Ҳомс, Ҷебла ва вилояти Даръо баргузор шуданд. Дар шаҳри Баниёс нерӯҳои амниятӣ сӯи эътирозгарон оташ кушоданд.
XS
SM
MD
LG