Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи байнулмилалӣ ба табибони эронӣ


Комёр Алой

Комёр Алой

Ба ду табиби эронӣ, ки бо иттиҳоми сиёсӣ ба маҳкама кашида шудаанд, ҷоизаи бонуфузи байнулмилалӣ дар бахши ҳифзи сиҳат эҳто гардид.

Шӯрои ҷаҳонӣ дар умури ҳифзи сиҳат ҷоизаи худро ба бародарон Комёр ва Ораш Алой барои фаъолияти бисёрсолаашон дар талоши наҷоти афроди мубталои маризии СПИД супурд.

Кормёр ва Ораш соли 2008 бо иттиҳоми фаъолияти тахрибкорона алайҳи давлати Эрон маҳкум ба зиндон шуданд.

Комёр баъдан озод шуд ва ӯ дар маросими супурдани ҷоиза дар Вошингтон ширкат дошт. Ва аммо бародараш Ораш то ҳол дар маҳбас аст.
XS
SM
MD
LG