Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати боз як қочоқбар дар задухӯрд бо марзбонҳо


Марзбонҳои тоҷик бори дуввум дар тули ин ҳафта бо қочоқбарони маводи мухадири афғон вориди даргирӣ шуданд.

Сухангӯи сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев ба мо гуфт, ки шаби аз 16 ба 17 июн марзбонҳои тоҷик дар яке аз қитъаҳои сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ гурӯҳи иборат аз тақрибан 15 қочоқбарро ошкор карданд.

Ӯ афзуд, ки дар ҷараёни даргирӣ раҳбари қочоқбарон шаҳрванди Афғонистон Ҷумъахон валади Ҷонмаҳмад кушта шуд. Дар ин ҳодиса як афсари нерӯҳои марзбонии тоҷик ҷароҳат бардошт.

Ба гуфтаи Хушнуд Раҳматуллоев, субҳи рӯзи 17 июн дар ҷойи ҳодиса 21 кило ҳероин ва як милтиқи шикорӣ ошкор шуд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 14 июн дар ҳамин гуна даргирӣ бо марзбонҳои тоҷик ду қочоқбари афғон кушта шуда буданд.

Он вақт марзбонҳо аз ҷойи ҳодиса як автомати Калашников, туфангчаи Макаров, борхалта бо 1 кило ҳероин ва 7,5 кило ҳашишро пайдо карда буданд.
XS
SM
MD
LG