Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили мудофеъ барои мулоқот бо Усмонов муваффақ нашуд


Урунбой Усмонов

Урунбой Усмонов

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи хабарнигори бахши узбакии Радиои BBC Урунбой Усмонов, барои мулоқот бо фарди таҳти ҳимояташ муваффақ нашуд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки аз соати 10-и субҳ пушти дари боздоштгоҳи муваққати Раёсати амнияти вилояти Суғд интизори мулоқот буд, вале ба ӯ имкони вуруд ба боздоштгоҳро надоданд.

Файзинисо Воҳидова ҳамчунин гуфт, ки муфатиши парвандаи Урунбой Усмонов аз дирӯз боз бо ҳар баҳона аз додани санади иҷозати вуруд ба боздоштгоҳ сарпечӣ мекунад.

Дирӯз созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, дар номаҳо ба вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз саддгузорӣ барои мулоқоти вакили мудофеъ бо Урунбой Усмонов изҳори ташвиш карданд.

Ахиран Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню-Йорк, боздошти хабарнигори бахши узбакии BBС дар вилояти Суғдро маҳкум карда, хостори раҳоии билофосилаи ӯ шуд. Музаффар Сулаймонов, як масъули ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран боздошти Усмонов бо фаъолияти хабарнигориаш рабт дорад.

Урунбой Усмонов рӯзи душанбе бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG