Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии як зани бехатту савод дар додгоҳ


Апаи Савригул дар беруни додгоҳ.

Апаи Савригул дар беруни додгоҳ.

Зане аз толори додгоҳ баромад ва аз онҳое, ки дар долон интизор буданд, хоҳиш кард, ҳалномаи додгустарро барояш бихонанд. Одамон бо вуҷуди он ки ҳар кадом банди андешаҳо ва гирифтори дарду ғами худ буд, коғази дасти ин зани солхӯрдаро мегирифтанд ва бо садои начандон баланд матнро барояш мехонданд. Вай шояд то охир ба он чизе ки шунид бовар намекард ва каме истода, ҳалномаро боз ба шахси дигар медод:

-- Илтимос, ҳамира бихонед. Судия чӣ навиштай? Хонара ба ман метия ё ба вайо?

Пас аз чанде навбат ба ман ҳам расид. Зан варақҳоро ба ман дароз кард, ки барояш хонам ва шарҳ диҳам. Ҳоло аз худаш шунидам, ки апаи Савригул тамоман савод надоштааст ва на хонад метавонаду на навишта.

Ҳалномаи додгоҳ, ки як санади хусусӣ буда метавонад, ба ҳамин сабаб дасти ба даст мегашт. Он ба баҳси манзил марбут буд. Апаи Савригул ба додгоҳ шикоят бурд, ки писархондаш ӯро ҳамроҳ бо шавҳар ва кӯдаки 1-сола аз манзили зист маҳрум кардааст. Дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, ки апаи Савригул, тифлаш ва шавҳараш ба ду ҳуҷраи хонаи 5-ҳуҷраӣ ҳақ доштааст ва ошхонаву ҳамому анбор бояд дар истифодаи умумӣ қарор гиранд.

Пирӯзии апаи Савригул дар додгоҳ ҳавас ва хушбинии занони дигарро ба вуҷуд овард, ки интизори муҳокима ва ҳалномаҳои худ буданд. Ҷавонзане, ки зоҳиран корманди кадом корхона ё ширкате буд, ҳалномаи апаи Савригулро хонду дарҳол овозаш баланд шуд, ки «ин зани бесавод дар суд бурд кардааст, вале мо ду сол боз даводав дорем, корамон ҳал намешавад. Апа, росташро гӯ, кӣ ба ту ёрдам кард ва чӣ қадар пул додӣ...»

Аммо, апаи Савригул бо тамоми тамкин ва оромӣ гуфт, ба касе пуле надодааст ва ягон шиносу ошнои мансабдоре надорад.

Кунҷковии касбии ман боло гирифт ва аз апаи Савригул пурсидам, ки бо ин ҳол, яъне касе, ки на хонда метавонаду на навишта чӣ хел роҳи додгоҳро ёфтааст.






Вай гуфт, ки ҳамсоягонаш ба ӯ роҳи додгоҳро нишон додаанд. Он ҳам баъд аз ин ки бачашавандааш, яъне писари шавҳараш, ӯро аз манзил берун кард.

-- Хуб буд, ки ҳуҷҷатҳоямро доштам. Вақте кӯдаки аввалам аз ин шавҳар таваллуд шуд, ақди никоҳи расмӣ надоштем, аммо баъд аз таваллуди кӯдаки дуввум акаам гуфт, ки барои ному насаби писарам бояд ба ЗАГС рафта, ақди никоҳ гирам. Ҳамин ҳуҷҷат ба ман ёрдам кард. Як вакил ёфтаму ба вай ҳамагӣ 400 сомонӣ сарф кардам...

Зимнан, вай ҳисобу китобро намедонад, аммо пулро дуруст шумурда метавонад. Он ҳам фақат сомониро.

Ба апаи Савригул гуфтаанд, кӯшиши беҳуда накунад, ҳоло додгоҳу додситониҳо ҳама бо ришват ё "таға" кор мекунанд. Аммо ӯ бе доду ғавғо ва бо пешниҳоди аснод тамоми талоши худро кард ва нишон дод, ки қатъисту аз мубориза даст нахоҳад кашид. Ҳамин тавр ӯ борҳо ба дари додгоҳ омада, далелҳои худро матраҳ кардаву ниҳоят пирӯз гардид ва ҳаққи худу шавҳару кӯдаконашро ҳифз кард.

Ин суол мемонад, ки барои расидан ба ҳадафе то куҷо илму савод даркор аст ва то куҷо ирода ва қатъият дар муборизаву талош? Шумо чӣ назар доред?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG