Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз парвандаҳои алайҳи Тимошенко ба додгоҳ ироа шуд


Яке аз парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко ба додгоҳи ноҳияи Печери шаҳри Киев ироа шуд. Дар ин бора Додситони кулли Украина Виктор Пшонко хабар дод.

Хонум Тимошенко, раҳбари ҳизби мухолифи “Батковшина”, дар берун аз ваколат пой мондан ҳангоми имзои созиши хариду фурӯши газ бо Русия айбдор мешавад. Дар ин созиш, ба иддаои мақомоти феълии Украина, манфиатҳои кишвар ба инобат гирифта нашудааст.

Ин саввум парвандаи ҷиноӣ алайҳи сарвазири пешини Украина аст. Ду парвандаи қаблӣ оид ба истифодаи нодурусти маблағҳои буҷа ҳанӯз ба додгоҳ фиристода нашудааст.
XS
SM
MD
LG