Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври 17-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд.

Се бозӣ 18-уми июн сурат мегирад. Дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа дастаи мизбон - “Вахш” бо “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ хоҳад кард.

Дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ, варзишгоҳи “Фурудгоҳ”, бо “Энергетик”-и Душанбе қувва меозмояд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Гвардия”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат дар варзишгоҳи “Хайр” барпо мегардад. Дар ин бозӣ“Гвардия” мизбон мебошад.

“Равшан”-и Кӯлоб 19-уми июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо “Шодмон”-и Ҳисор рақобат мекунад. ”Равшан» мизбони ин бозӣ аст.

Инчунин бегоҳи якшанбе дастаи мизбон - “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ҳамаи бозиҳо соати 17:30 шурӯъ мешаванд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол» бо 34 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. «Равшан» бо 29 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Регар-ТадАЗ» бо 26 имтиёз дар ҷои саввум қарор доранд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 10 гол дар ҷойи аввал аст. Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) ҳаштголӣ, Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”), Габриэл Донто ва Шодибек Ғаффоров (ҳарду - “Энергетик”) 7-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1. "Истиқлол" 12 11 1 0 30-6 34
2. "Равшан" 14 9 2 3 24-9 29
3. "Регар-ТадАЗ" 13 8 2 3 26-13 26
4. "Хайр" 13 7 2 4 20-13 23
5. "Энергетик" 15 7 1 7 21-22 22
6. ССКА “Помир” 15 6 1 8 22-26 19
7. "Хуҷанд" 14 5 3 6 15-20 18
8. "Вахш" 14 5 1 8 14-16 16
9. “Шодмон” 14 4 2 8 18-23 14
10. "Парвоз" 14 4 1 9 15-33 13
11. "Гвардия" 14 1 2 11 10-35 5

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG