Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз пайвандони Башор Асад аз тиҷорат даст кашид


Ромӣ Маклуф, яке аз сарватмандтарин афроди Сурия ва аз пайвандони раисиҷумҳур Башор Асад, дар бораи хатми фаъолияти тиҷоратияш хабар дод. Нозирон мегӯянд, ки ин тасмим бо фишори ҳамоишҳои оммавӣ алайҳи фасод дар режими Сурия бастагӣ дорад.

Ба иттилоъи расонаҳои Сурия, Ромӣ Маклуф, ки бузургтарин дар кишвар шабакаи мухобироти мобайлро таҳти назорат дошт, мехоҳад аз ин баъд сарвати худро барои хайрия ва тарҳҳои ғайритиҷоратӣ сарф кунад.

Изҳороти Маклуф қабл аз намози ҷумъа нашр шуд. Як ҳафта пеш баъд аз намози ҷумъа ҳазорон суриягиҳо дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ширкат намуданд, ки ба хунбортарин бархӯрҳо дар се моҳи ахир печид.
XS
SM
MD
LG