Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гейтс: Покистон ҳампаймони калидии ИМА боқӣ мемонад


Роберт Гейтс

Роберт Гейтс

Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА, изҳор намуд, ки Покистон ҳампаймони калидии Амрико боқӣ мемонад ва баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳам дар таъмини амнияти кишвари ҳамсоя нақши муҳим хоҳад дошт.

Раҳбари Пентагон афзуд, ки равобити миёни Вошингтону Исломобод алҳол ба мушкил мувоҷеҳ аст ва аммо ҳарду кишвар ба хотири таъмини амният дар минтақа ба ҳамдигар ниёз доранд.

Роберт Гейтс иқрор намуд, ки амалиёти махфии нерӯҳои амрикоӣ барои маҳви Усома бин Лоден вокуниши манфии мақомоти Покистонро ба бор овардааст.

Ҳамзамон ӯ гуфт, ки "ба назар мерасад, «Ал-Қоида» аз он нигарон аст, ки мо аз кадом роҳ тавонистем бин Лоденро пайдо кунем. Онҳо аз покистониҳо шубҳа мекунанд, ки шояд ба амалиёти вижа рабте доштанд ва шояд ба дигар аъзои «Ал-Қоида» ҳам хиёнат кунанд".

Маъмурияти Роберт Гейтс дар мақоми вазири дифоъи ИМА охири ҳамин моҳ ба итмом мерасад.
XS
SM
MD
LG