Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Туркия, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку бар тими Испания аз рӯи пенолти бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд, барандаи Ҷоми Каспий гардид.

Замони асосӣ ва изофии ин бозӣ бидуни гол хотим ёфт.

Барои ҷойи севум дастаҳои мунтахаби наврасони Озарбойҷон ва Гурҷистон талош карданд. Замони асосӣ ва изофии ин бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 ба охир расид. Дар задани ҷаримаи 11-метра футболбозони озар маҳорати хуб нишон дода, бо ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд.

Барои ҷойи 5-ум дастаи Қазоқистон тими Узбакистонро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод.

Барои ҷойи 7-ум дастаи Тоҷикистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Голро М.Зоиров дар дақиқаи 70-ум ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуда буд. Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон, ки дар ҳар се бозии гурӯҳи “В” аз тимҳои Испания бо ҳисоби 0:6, Гурҷистон бо ҳисоби 0:3 ва Қазоқистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, аз ҳаққи мубориза барои Ҷом маҳрум гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG