Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СPJ: "Усмонов барои фаъолияти хабарнигориаш боздошт шудааст."


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон боздошти хабарнигори бахши узбакии ББС дар Суғд Урунбой Усмоновро маҳкум кардааст.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон, мақараш дар Ню-Йорк ҳамчунин хостори раҳоии билофосилаи ин журналист шудааст.

БОЗДОШТ БА ИТТИҲОМИ УЗВИЯТ ДАР ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИР

Усмонов ҳанӯз рӯзи душанбе боздошт шуд, вале мақомот хабари дастгир кардани ӯро фақат бо гузашти 2 рӯз нашр карданд. Мақомот ӯро ба узвият дар гурӯҳи дар Тоҷикистон аз соли 2001 мамнӯъи Ҳизб-ут-Таҳрир айбдор мекунанд, вале ББС, муассисаи нашаротии Бритониё гуфтааст, ки Урунбой Усмонов бо супориши ин расона дар бораи ин ҳизб ва таъқиби аъзояш гузоришҳо таҳия мекард.



Музаффар Сулаймонов, як масъули Кумитаи дифоъ аз журналистон дар гуфтугӯи ихтисосие бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, иттиҳомоти алайҳи Урунбой Усмонов чандон боваркарданӣ нест, балки бештар ношӣ аз фаъолияти хабарнигории ӯст ва онҳо ба ҳамин далел боздошти Усмоновро маҳкум ва ба раҳоии ӯ даъват мекунанд: “Ӯро
Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи бахши узбакии ББС

ҳанӯз рӯзи душанбе гирифтаанд ва то ҳол дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигоҳ медоранд. Мо бо дафтари ББС дар Лондон тамос гирифтем ва бино ба маълумоти онҳо, Усмонов маҳз ба хотири фаъолияти хабарнигориаш боздошт шудааст, чунки ӯ дар бораи фаъолияти гурӯҳи дар Тоҷикистон манъшудаи Ҳизб-ут-Таҳрир гузоришҳо менавишт.»

ҚАЗИЯИ УСМОНОВ ПАЙГИРӢ МЕШАВАД

Аз оқои Сулаймонов пурсидам, ки оё Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар робита ба қазияи боздошти Урунбой Усмонов иқдомоте дигареро низ мадди назар дорад?

Ӯ гуфт: «Феълан мо бо пахши ин баёния иктифо мекунем. Ман ҳанӯз гуфта наметавонам, ки вазъ оё ба кадом самт таҳаввул хоҳад кард ва иқдоми баъдии мо чӣ хоҳад буд. Аммо мо ин қазия ва ҳаводиси дигар дар саҳнаи матбуоти Тоҷикистонро ҳамчунон пайгирӣ хоҳем кард ва боз ҳам ба раҳоии билофосилаи Усмонов аз боздошт пой хоҳем фишурд. Мо ҳамин тавр аз мақомоти Душанбе даъват хоҳем кард, то бар ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ҷиҳати мурооти озодии баён амал карда, журналистонро ба маҳзи иҷрои вазифаи хабарнигориашон ба зиндон накашонанд.»

ТАЪСИРИ БОЗДОШТҲО БА ИМИҶИ ТОҶИКИСТОН

Урунбой Усмонов танҳо журналист дар Тоҷикистон нест, ки кораш ба боздошт кашидааст. Дар ноҳияи Ашт дар ин шабу рӯз додгоҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов идома дорад, ки ба эътиқоди созмонҳои хабарнигорӣ, низ ба маҳзи иҷрои вазифаи касбиаш пушти панҷараи зиндон афтодааст. Аз Музаффар Сулаймонов, масъули Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон мепурсам, ки оё қазияҳое, чун боздошти Исмоилов ва инак Усмонов ба мақоми бе ин ҳам начандон баланди Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалии озодии матбуот таъсири манфӣ нахоҳад гузошт?

Музаффар Сулаймонов дар посух гуфт: «Бале! Албатта, мо дар ҷараёни қазияи боздошту муҳокимаи Исмоилов низ ҳастем ва ин додгоҳро бодиққат пайгирӣ мекунем. То ҷое мо медонем, мурофиа феълан мутаваққиф шуда, бо дархости вакилони мудофеъи хабарнигор бояд акнун мақолаҳои навиштаи ӯ аз ташхиси забонӣ гузаранд. Ва мо хеле умедворем, ки забоншиносон дар матлабҳои Исмоилов бӯе аз тӯҳмат ё таҳқирро пайдо нахоҳанд кард. Мо умедворем, ки мақомоти Тоҷикистон ҳам Исмоилов ва ҳам Усмоновро аз боздошт раҳо хоҳанд кард. Идомаи боздошти онҳо обрӯи Тоҷикистонро пойин хоҳад бурд. Феълан аз лиҳози шумори хабарнигорони зиндонӣ пешсаф Узбакистон аст, вале зоҳиран бо ин боздоштҳои охир ҳукумати Тоҷикистон ба зудӣ аз ин ҳамсояаш хоҳад гузашт.»
XS
SM
MD
LG