Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Папандреу кобинаи навашро имрӯз эълон хоҳад кард


Георг Папандреу
Георг Папандреу
Интизор меравад, имрӯз дар пасманзари афзоиши нигарониҳо дар бораи буҳрони молии Юнон сарвазири ин кишвар Георг Папандреу асомии аъзои кобинаи навашро эълон кунад. Папандреу дирӯз ҳамаро ба ваҳдат даъват кард ва гуфт, ҳам Юнон ва ҳам Иттиҳодияи Аврупо дар як нуқтаи атфи таърихи худ қарор дошта, онҳо талош мекунанд, то Юнонро аз вартаи расвоӣ ва фурӯпошии молӣ берун бикашанд. Се узви ҳизби сотсиалисти Папандреу дар ин ҳафта дар пайи эътирозҳои гоҳо хушунатомез ба нишони эътироз ба сиёсати иқтисодӣ ва нокомӣ дар амри ташкили кобинаи воҳид бо аҳзоби мухолиф истеъфо доданд. ИА ва Сандуқи байналмилалии пул, ки ба Юнон ваъдаи 110 миллиард евро кумаки молӣ додаанд, дар иваз коҳиши хароҷоти ин кишварро талаб доранд. Расвоии Юнон метавонад тамоми 17 кишвари минтақаи евроро биларзонад.
XS
SM
MD
LG