Пайвандҳои дастрасӣ

Таъхир дар имзои қарордоди бузурги Чину Русия


Русияву Чин имзои қарордоди бузурги интиқоли газ аз Сибир ба Чинро ба иллати адами тавофуқ бар сари нархи он ба таъхир гузоштанд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар ин бора баъд аз мулоқот бо ҳамтои чиноияш Ҳу Ҷинтао дар Кремл хабар дод. Соли гузашта ширкати русии “Газпром” ва ширкати миллии нафти Чин ҷиҳати шурӯъи интиқоли газ аз соли 2015 тавассути лӯлаи гази Олтой, ки ҳанӯз бояд сохта шавад, тавофуқ карданд. Маскав мехост, газашро ба Чин бо нархҳои бозори Аврупо бифурӯшад, вале Чин ин нархро беш аз ҳадд хондааст.
XS
SM
MD
LG