Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷаи Амрико нирӯҳои ҳокими Либия Муаммар Қаззофиро айбдор кард, ки аз таҷовуз ба номус ва хушунат алайҳи занон ба ҳайси “василаи ҷанг” истифода мебаранд. Хонум Клинтон гуфт, давлатҳои дигари Ховари Миёна низ хушунатҳои ҷинсиро таҷруба мекунанд. Клинтон дар як изҳороти катбӣ гуфт, Амрико ҳамчунин аз гузоришҳое ба хашм омадааст, ки мегӯянд, давлатҳо “дар саросари Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ” аз хушунати ҷинсӣ барои тарс додан ва муҷозоти эътирозгарони ислоҳталаб кор мегиранд.
Додгоҳи Ҳейг феълан ба таҳқиқи мавориди эҳтимолии даст ба таҷовуз ба номуси занон задани нирӯҳои Қаззофӣ пардохтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG