Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико гуфт, Завоҳирӣ низ маҳв хоҳад шуд


Аймон Завоҳирӣ

Аймон Завоҳирӣ

Амрико раҳбари нави Ал-Қоида Аймон Завоҳириро нусхаи бечорае аз Усома Бин Лоден номид ва ҳушдор дод, ки Завоҳириро низ сарнавишти Бин Лодин дар пеш аст. Адмирал Майк Муллен гуфт, нирӯҳои Амрико қасд доранд, дар қиболи Завоҳирӣ низ аз айни шевае, ки алайҳи бин Лодин истифода шуд, кор бигиранд. Бин Лодин рӯзи 2 май тавассути нирӯҳои вижаи Амрико дар Аббатободи Покистон кушта шуд. Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, Завоҳирӣ ба ҳайси раҳбари ин шабакаи террористии зидди Ғарб ба “чолишҳо”-е дучор хоҳад шуд. Дирӯз як сомонаи марбут ба Ал-Қоида хабар дод, ки Аймон Завоҳирӣ, ки то марги Бин Лодин раҳбари дуввуми Ал-Қоида шинохта мешуд, раҳбари нави ин шабака интихоб шудааст.
XS
SM
MD
LG