Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Аҳмад Боқиев боз ба таъхир уфтод


Аҳмад Боқиев

Аҳмад Боқиев

Додгоҳи Аҳмад Боқиев, яке аз бародарони раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, барои як ҳафтаи дигар ба таъхир уфтод. Сухангӯи додгоҳи олии Қирғизистон Бахтибек Рисалиев гуфт, далели таъхир адами ҳузури яке аз даъвогарон аст.
Муҳокимаи парвандаи Аҳмад Боқиев аз моҳи декабр идома дошта, ӯ ба ташкили ошӯбҳо ва ҳамлаҳо алайҳи мақомоти интизомӣ, узвият дар гурӯҳи мусаллаҳ дар ҷараёни даргириҳои қавмии як соли пеш дар ҷануби Қирғизистон ва як идда ҷиноёти молӣ айбдор мешавад. Дар ҷараёни он даргириҳои қавмӣ дар Ӯшу Ҷалолобод беш аз 400 нафар, аксар узбакҳо кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG