Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Юнон аз насби ҳайкали Искандар дар Скопйе


Юнон насби муҷассамаи Искандари Мақдунӣ дар Скопйе, пойтахти Мақдунияро ба боди интиқод кашида, иғвое номид, ки боиси таниши бештар дар равобити ин ду кишвар хоҳад шуд. Юнон то кунун ҳам бар сари номи Мақдуния бо ин ҳамсояи шимолиаш баҳс дошт, чунки як вилоят дар шимоли Юнон ҳам исми Мақдунияро дорад.
Афина, ки худро вориси Мақдунияи бостонӣ меҳисобад, ҳатто ба ҳангоми ба узвияти СММ пазируфтани Мақдуния дар соли 1993 исрор дошт, то ба он “Ҷумҳурии Мақдунияи Югославияи собиқ” ном гузоранд, на Мақдуния. Ин кишвар дар соли 1995 бо фишори Юнон ҳатто маҷбур шуд, парчамашро иваз кунад, вале ба талаби табдили номаш то ҳол тан надодааст. Ҳайкали Искандари Мақдунии савори асп дар Скопйе 10 метр қад дошта, барои сохтанаш беш аз 5 миллион евро масраф шудааст.
XS
SM
MD
LG