Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "Мадраса" дар Суғд натиҷагирӣ шуд


Масҷиди Хуҷанд
Масҷиди Хуҷанд
Амалиёти вижаи “Мадраса” дар вилояти Суғд ба анҷом расид. Дар идораи умури дохилаи ин вилоят ба “Азия Плюс” гуфтаанд, тайи ин амалиёт 11 мавриди таҳсили ғайриқонунии динӣ ошкор шудааст. Дар ҷараёни амалиёти “Мадраса” беш аз 1000 масҷид ва 8 мадраса мавриди тафтиш қарор гирифта, ҳалқаҳои таҳсили динӣ дар навоҳии Исфара, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Қайроқум кашф шудааст.
XS
SM
MD
LG