Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо мақомоти Қатар


Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, ахиран сафири ғайримуқим дар кишвари Қатар низ таъин шуд.

Баъд аз бозгашт аз шаҳри Доҳа, дипломати тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ваколатномаро ба валиаҳд, муовини амири Қатар Шайх Камин ибни Ҳамад Оли Сонӣ супурд ва бо ӯ мулоқот кард. Дар ин сӯҳбат масоили марбут ба таҳкими равобити миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар мулоқот бо дигар мақомоти Қатар, аз ҷумла, бо вазири ҳамкориҳои байнулмилалӣ Холид Ал-Латиъа, ба он нукта ишора шуд, ки ширкати маъруфи қатарии “Диёр” ба зудӣ дар пойтахти Тоҷикистон бунёди як шаҳракро шурӯъ мекунад.

Дар сӯҳбат бо муовини вазири умури хориҷии Қатар ва раиси ширкати ҳавопаймоии кишвар мавзӯъи баргузории форуми тоҷирону Тоҷикистону Қатар ва ифтитоҳи хатти мустақими парвоз миёни Доҳа ва Душанбе баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки ба зудӣ як гурӯҳ барои таҳияи форуми иқтисодии ду кишвар ба Душанбе сафар мекунад.

Ба гуфтаи Зубайдулло Зубайдов, давлати Қатар барномаи омодагиҳо барои баргузории чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022-ро таҳия мекунад ва бар пояи он дар кишвар иншооти зиёди варзишӣ бунёд хоҳад шуд. Давлати Қатар изҳори омодагӣ кардааст, ки бо шурӯъи бунёди ин иншоотҳо мутахассисону коргарон аз Тоҷикистонро низ барои кор ба кишвар даъват кунад.
XS
SM
MD
LG