Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миёни панҷ нафаре, ки дар як постгоҳи шаҳри Кветтаи Покистон кушта шуданд, як шаҳрванди Тоҷикистон ҳам будааст.

Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, бо такя ба ахбори расонаҳои Покистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 17-уми май кормандони полис дар як постгоҳи шаҳри Кветта панҷ хориҷиро ҳадафи тир қарор доданд.

Ҳарчанд кормандони полис баёнот додаанд, ки ба пиндори онҳо гӯё шаҳрвандони хориҷӣ “камарбанди шаҳид” доштанд, ангезаҳои аслии қатли гурӯҳи панҷнафарӣ ва тафсилоти он чӣ, ки дар постгоҳ гузаштааст, то ҳол зери пардаи асрор аст.

Ба гуфтаи Зубайдулло Зубайдов, тафтиши ин қазия идома дорад ва аммо аллакай рӯшан шудааст, ки хориҷиёни кушташуда ба ягон гурӯҳи террористӣ шомил набудаанд:
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон
“Дар асл чаҳори нафари онҳо шаҳрвандони Русия буданд ва як нафараш шаҳрванди Тоҷикистон-Муқумов Нӯъмон, зодаи шаҳри Душанбе, соли таваллудаш 1987, донишҷӯи як донишгоҳи шаҳри Маскав. Ҳамроҳи Нӯъмон хонумаш Олга Шрёдер, зодаи ҷумҳурии Ёқутистони Русия ҳам буд. Онҳо як сол пеш издивоҷ карда буданд ва мехостанд аз Маскав ба Туркия ва аз он ҷо ба Душанбе раванд.”

Ӯ меафзояд, куштори хориҷиёнро табақаҳои гуногуни ҷомеъаи Покистон маҳкум карданд, ба вижа, ки, тавре рӯшан шуд, Олга Шрёдер дар батнаш тифли ҳафтмоҳа дошт. Дар робита ба ин ҳодиса додситонии Кветта парвандаи ҷиноӣ боз карда ва кормандони полис боздошт шудаанд.

Зубайдулло Зубайдов гуфт, ки бо пуштибонии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, волидайни Нӯъмон Муқумов ба Покистон омаданд. Тасмим гирифта шуд, ки Нӯъмону хонумаш Олга дар шаҳри Кветта дафн карда шаванд: “Волидайни Нӯъмон Муқумов ҳамроҳ бо кормандони сафорат ба Кветта рафтанд ва дар якҷоягӣ бо намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеъаи Покистон, намояндаи вазорати умури хориҷӣ, 12-уми июн он ду нафарро бо риояи ҳама он одобу тартиби зарурии мусалмонӣ ба хок супурданд.”

Дипломатҳои тоҷик мегӯянд, ки бисёр паҳлӯҳои ин қазия норушан боқӣ мондааст. Аз ҷумла, суоле бепосух аст, ки чӣ гуна ин панҷ нафар бидуни раводид вориди Покистон ва яке аз нооромтарин шаҳрҳои кишвар - Кветта шудаанд? Ҳадафи сафари онҳо ба Покистон ҳам маълум нест, фақат ҳадс зада мешавад, ки онҳо барои сайёҳат омадаанд.

Зубайдулло Зубайдов бо таассуф мегӯяд, ки то ҳанӯз бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон талош мекунанд бидуни раводид ва ё аз тариқи дигар давлатҳо вориди Покистон шаванд, ҳарчанд хуб медонанд, ки ин кишвар амн нест. Як теъдод аз ҷавонон талош мекунанд, ки ба мадрасаҳои ғайрирасмии Покистон дохил шаванд, ба мадрасаҳое, ки онҳоро ҳатто Исломобод чун маркази тарбияи аъзои гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ арзёбӣ мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG